КОНЦЕРТНАЯ ПРОГРАММА "ЗЕБОСАНАМ" вторая часть
27-уми августи соли ҷорӣ баъд аз интизориҳои тӯлонӣ озмуни «Зебосанам-2011» ҷамъбаст гардид, ки дар он 12 нафар финалистон–довталабон барои дарёфти унвони «Зебосанам» буданд. Ҳамин тариқ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ба Саодати Азизшо, Нигина Биккина ва Нозанини Ранҷӣ, аз номи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба Маҳина Назруллозода, Ҳангома Мамадраҳимова ва Муқаддас Равшанова тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Баъдан, 8 нафар финалистони озмун бо диплом сарфароз гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби ҶСК Тоҷиксодиротбонк ба финалистон кортҳои пластикии Visa супорида шуд. Ҳамин тариқ, баҳри ҳавасмандгардонии духтарон ва ҷалби онҳо ба барномаҳои телевизионӣ бо тӯхфаҳои махсуси МДТС барои иродаи қавӣ – Маҳина Убайдуллоева, барои мӯи дарозтарин миёни довталабон – Муҳибаи Суҳробхон ва барои табассуми самимӣ Нигина Биккина сарфароз гардиданд. Аз рӯи натиҷаи овоздиҳии мухлисон унвони «Маҳбубияти бинанда»- ро № 0012 Маҳина Убайдуллоева соҳиб гашт ва роҳхат ба Парижро бурд кард, аммо ӯ аз ин сафар даст кашид. Барои супоридани ҷоизаҳои ифтихорӣ Зебосанами тоҷик Лола Исмоилова рӯи саҳна хонда шуд. Баъд аз натиҷаи баромади духтарон дар даври ниҳоии озмун Довталаб № 0039 Гулнигор Тиллоева сазовори ҷои сеюм ва иштирокчии № 0018 Дилноза Музаффарова ҷои дуюмро соҳиб гаштанд. Зебосанами Тоҷикистон довталаб № 0047 Нилуфари Амиралӣ пазируфта шуд.
Источник текста и фото: www.safina.tj
Что то не так, сообщите пожалуйста нам об этом! |