17:21 ҶАЪФАРИ ҶАЛОЛ: «МО «ҚАСАМ»-РО БА ПРЕЗИДЕНТ НАБАХШИДАЕМ!» |
Овозхони боғуруру хушсадо Ҷаъфари Ҷалол хост макони сӯҳбати бо ӯтаъиншуда дӯкони «Ганҷина» дар назди «Хонаи матбуот» бошаду баробари ворид шудан ба ин армуғонгоҳи миллӣ ва дидани кашидадӯзиҳои нақшину осори рангин суоле дар майнам рӯ зад. Илҳомгоҳ? Чаро ӯ маҳз ин маконро интихоб намуд? Аз кори худ намондан ё шояд ба он хотир, ки баъди дар ҷодаҳои зимистонии шаҳр рӯ ба рӯ омадан бо миниюбкапӯшони афзун (Худо бо омадани баҳор сафи атласпӯшонро зиёд кунад) ба ин ганҷина ворид шуда, аз тамошои осори миллӣ ба ҳастии фарҳанги ғанӣ бовар ҳосил кунам? Сӯҳбати мо бо ҳунарманд маҳз аз ғурури миллӣ ва меҳанпарстӣ руҷӯъ ёфт. - Чӣ шуд, ки шумо хоса шеваи сурудҳои меҳанпарастиро пеш гирифтед? - Новобаста аз он, ки ту эҷодкор ҳастӣ ё не, ҳар як шахс бояд масъулият бигирад, ки ватанпараст бошад. Ватанпарастӣ рисолати якум аст. Бояд, ки мо ин сарзаминро дӯст дорем ва ин дар хуни мо аз кӯдакӣ бошад. Новобаста аз он, ки ман эҷод мекунам, санъаткор ҳастам ё сохтмончиям, бигзор касе, ки набошад, чун зодаи ин сарзаминем, бояд ҷавобгарии зиёде дошта бошем. Ман ҳам дар қатори онҳо ҳатман бояд дар бораи ватанам бихонам. Ин қарзи ман аст. Ин қарзи ҳар яки мост ва барои ҳунарманд аз ҳама вазифаи аввалиндараҷа аст. Тамоми ҳунармандони дунё дар бораи Ватанашон хондаанд. Ҳатто дар тамоми албомҳои охирони Гугӯш сурудҳояш доир ба ватанаш аст. Охирин суруде, ки аз ӯ ман ҳаминҷо дорам, номаш «Бачаҳои Эрон» аст. Охирин суруде, ки Муин хонду ҳоло пеши ман ҳаст, «Ману бачаҳои Албурз». Инҳо бовуҷуде, ки ошиқона мехонанд, Ватан барояшон дар ҷойи аввал меистад. Ҳар касе ин корро намекунад, намедонам, ки ӯро чӣ касе бояд ҳисобид. Аҳмад Зоҳир саропояш ошиқонаву ватанпарастона буд. Чӣ сурудҳое хонд, ки насли ҷавонро ба муборизаҳо даъват мекард. - Бисёре аз шунавандагони Шумо дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ садоятонро шевотар аз садои Тобиш баҳо медиҳанд. Тобиш бошад, дар як сӯҳбати матбуотӣ иддао кардааст, ки маҳз таваҷҷӯҳи Шумо ба садову овозхонии ӯ ҳангоми таҳсилатон дар як донишкадаву иқомататон дар як хобгоҳ боиси дӯстиятон шуда, ҳардуятонро ба ҳам овардааст. Воқеият чист? - Аслан, вақте мо дар донишкада мехондем, ҳарду якҷоя бо гитар сурудхонӣ мекардем. Ҳар бегоҳ мо гитарҳои худро мегирифтему дар айвони хобгоҳ суруд мехондем. Як рӯз Тобиш омад. Бо вуҷуде, ки мо нав рафта будем, дар донишкада бо ҳам ошно шудем ва бо навохтани якҷояи гитараву сурудхонӣ қарин гардидем. Тарзи сурудхонии Тобиш ба ман бисёр писанд буд. Намедонам… Маро бисёр мегӯянд, ки дар якҷоягӣ садоҳоятон шабеҳи якдигар аст. Аммо барои ман хондани Тобиш хеле писанд аст. Ӯ хеле олидараҷа мехонад. Ман наметавонам бигӯям, ки овози ман беҳтар аз ӯ аст. Ҳар кас овози худашро дорад, вале мо дар як сабк ҳамнаво мешавем. Он оҳангҳое, ки ман дар донишкада эҷод кардам ва баъд аз он, ягон кас ин сурудҳоро мисли Тобиш зебо нахондааст. Ягона нафаре, ки аз ӯҳдаи хондани сурудҳои эҷодкардаи хуб тар аз ҳар кас ман мебарояд, Тобиш аст. Мисли суруди «Нарав, баҳорро набар», суруди «Боз ой, эй баҳори гулафшонам»-ро мехонад, «Ишқи ту», умуман бисёр сурдҳои дигару дигар. Ман наметавонам касеро ном барам, ки ин сурудҳоро дар пояи Тобиш хонда тавонад. - Агар масалан бо ягон нафари дигар Шумо суруд бихонед, дар пояи сурудхонии Тобиш, бо кӣ мехостед сурдхонӣ кунед? - Хушбахтона Толиби Абдулло ҳам сурудҳоеро, ки ман эҷод кардам, дар сатҳи хеле олӣ мехонад. Масалан суруди «Парчами нангу номи мо», суруди «Ояти худшиносӣ». Боз ҳозир сурудҳои охиронеро, ки сабт кардем, дар пояи бисёр баланд мехонад. Тарзи хондани Толиб агарчи каме дигаргун аст, вале олӣ мехонад. Ӯ бештар сурудҳои лирикӣ мехонд, аммо аз ӯҳдаи ин тарзи сурдхонӣ ҳам баромада тавонист. Ман хеле розиям. - Аз ҳам ҷудо гардидани Шумову Тобишро ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Аслан чӣ шуд, ки аз ҳам ҷудо шудед? - Мо ҳеҷ гоҳ ҷудо нестем. Танҳо як муддате аз ҳам ба хотире, ки проблемаҳо зиёд буду мушкилоти молӣ, каме ҷудо шудем, то қадре дар танҳоӣ эҷод карда, баъзан сурудҳои дигари худро сабт намудем. Дар ин миён боз ҳам сурудҳои ватанӣ, ба хотире, ки баъзан ҳастанд нафароне, ки ба мо кӯмаки молӣ мекунанд, то ин ки суруд дар алоҳидагӣ бихонӣ ё бо Толиб бихонӣ ё бо Нигина. Чунки ин аз мо вобаста нест. Ин аз маблағгузор вобаста аст. - Пас аз садо додани суруди «Қасам» ва сурудҳое бо ҳузури Президенти кишвар сару садоҳо бархост, ки Тобишу Ҷаъфар сарояндаҳои дарбориянду ин сурудҳо фармоишӣ. Ин гуна сару садоҳоро чӣ гуна қабул мекунед? - Ин саволро тамоми мардуми Тоҷикистон медиҳанд. Аммо шумо вақте ҳамин сурудро гӯш кардед, ягон ҷойи он махсус ба шахсият буд? На суруди «Қасам», умуман ягон суруде, ки ман хондаам, фармоишӣ нест. Ин фармоиширо намедонам, ки мебарорад. Мо ҳеҷ гоҳ барои фармоиш суруд нахондаем. Инро дигарон мекунанд. Ин сурудҳо дарду рози дили моянд. Агар суруди «Қасам»-ро бодиққат хонед, дар бораи ягон шахсият аст, мисле ки дигарон хонданд? Ҳатто номи раиси ҷумҳурро мегиранд. Ҳатто як васвасаҳои аз ҳад зиёди бемаънӣ мекунанд. Шояд ба Президент ин маъқул нест ба андозае, ки худаш ба забони ҳол омад, ки «маро ин хел таърифу тавсиф накунед, ман худамро бад ҳис мекунам, нороҳат мешавам». Мо ҳеҷ гоҳ ин корро накардем, ҳеҷ гоҳ барои шахсият нахондаем. Мо суруди «Қасам»-ро шахсан ба як кас, ба раисҷумҳур набахшидаем. Мо дар маҷмӯъ барои ҳамин миллат хондем. Мо онро ба Ватан, ба ҳама мардуми меҳанпараст, ки хизмат ба ин сарзаминро қарз медонанд, бахшидаем. Ин ҳам бо амри Худои таъоло ончунон мавриди писанд қарор гирифт, ки дигар инро наметавон тассавур кард. Шояд касе гуфтааст, ки ба инҳо махсус пули калон додаанд, то барои раиси ҷумҳур бихонанд. Не, ҳеҷ гоҳ ин хел набуд. Он Худобарост ҳамин хел ба шабу рӯзи қасами раисҷумҳур рост омад. Воқеан аҷиб ҳам буд. Ҳамон шеър бо қасами раисҷумҳур ва рӯзаш мувофиқат кард. Ин дар фикру хаёли мо ҳам набуд. - Овозхони ба қавле «дарборӣ» будан фаъолияти сарояндаро то куҷо маҳдуд мекунад? Умуман сарояндаи дарборӣ метавонад озод бошад? - Барои ман аслан писанд нест, ки ҳунармандони ҳатто шинохтаву ҳама унвонҳоро сазоворшуда мадҳия мехонанд. Ин аст, ки дар назди раисҷумҳур худнамоӣ бикунанд. Аслан ин дар хуни ман ҳеҷ гоҳ нест. Барои ман аслан ин кор маъқул несту шояд барои дигарон ҳам. Шояд барои як гурӯҳи одамоне, ки дигаргуна тарбия ёфтаанд, писанд бошад ва бисёриҳо ба ҳамонҳо тақлид мекунанд, аммо ман ҳеҷ гоҳ ба касе тақлид намекунам. Соиби бузургвор мегӯяд: Дар гардишем мо ба сари худ чу офтоб, Монанди соя пайравии кас намекунем. Як баҳсҳое дар ҷомеа бархоста буд, ки Суруди миллии мо чандон бозгӯи ормонҳои миллӣ нест ва тағйир мехоҳад. Баъзе пешниҳодҳое ҳам буд, ки месазад масалан шеъри Бозор Собир «Аз хуни Сиёвушем» ё шеъри зиндаёд Искандари Хатлонӣ «Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст» Суруди миллӣ бошад… - Дуруст аст. «Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст» шеъри олитарин аст, ки дар Эрон онро дар китоби дарсӣ мехонанд. Агар аз ҳамин ду шеъри зикршуда ба Шумо ҳамчун тараннумгари сурудҳои меҳанпарастӣ бипурсанд, ки кадомеро чун Суруди миллӣ шоиста медонед, кадомиро интихоб мекардед? Кадоме метавонад Суруди миллии мо бошад? - Ман ба ин савол ҷавоб дода наметавонам. Бигзор инро халқ ҷавоб диҳад. Ман ба ин ҳақ надорам. Агар ба халқ писанд аст, танҳо бояд ба овоз бимонанд, то он вақт ҳақиқат рӯ бизанад. Агар ҳозир ман бигӯям, ин назари як шахс аст. Аслан суруди «Ғурури ниёгон» дар сатҳи бисёр олӣ асту шеъраш ҳам. «Қасам» ҳам хеле суруди олист. Инҷо бисёри мардум ҳатто «Қасам»-ро ҳам пешниҳод мекунанд. Ин хел бигирем, чандин суруди ватанпарастӣ ҳаст. Аммо суруди Искандар дар сатҳи хеле баланд аст. Бубинед: Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст, Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст. Ҳатто эрониҳо ба ин қоиланд. Ман муҳоботро бад мебинам, аммо худи Алиасғари Шеърдӯст дар шоҳидӣ ба оғои Силоҳшур – коргардони филми Ҳазрати Юсуф гуфт, ки «ин Ҷаъфари Ҷалол – ҳунарманди саршиноси Тоҷикистон, ки сурудҳояш ҳамеша дар сафорати мо танинандоз мегардад» ва иқтибос овард, ки «Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст». - То куҷо шеъру суруди ватандӯстона ва тарзи хондани сароянда мардумро меҳанпараст мекунад? - Оҳ, барои ин мардумамон чӣ қадар сурудҳое эҷод накардем. Як гурӯҳаш, бале, бисёр дилаш месӯзад, аммо дар маҷмӯъ, зиёдаш бепарвоянд. Ман аз ин бепарвоӣ азоб мекашам, ки барои чӣ ин миллат ин қадар фориғбол аст? Шояд ба гуфтаи Гулрухсор, ки «баъд аз ҳаштод соли тамоми тӯли аср ва баъди 80 соли шӯравӣ касе дар пояи Ҷаъфару Тобиш оҳанги саропо дар сатҳи миллӣ эҷод накарда буд». Аммо инҳо ин сурудҳоро оддӣ қабул накунанд. Мо дар инҷо ин қадар барои дӯст доштани Ватан дар андешаему мегӯем, аммо мардум ҳамарӯза мераванд писаронашонро дар литсейҳои туркӣ дохил мекунанд. Ман намефаҳмам, ки чи гуна кӯдакатро метавонӣ ба дасти ғайр дод? Ана худат, духтарчаатро аз кӯдакӣ метавонӣ ба як бегона супорӣ? Ҳақ надорем! Имрӯз тарбиятгару муаллимон турк шудаанд. Ин як паст задани қадри муаллими тоҷик аст. Ман аз ин розӣ нестам. Ман розӣ нестам, ки чаро ин миллат ба бегонагон такя кардааст? Мо ҳақ надорем насли навамонро ин гуна тарбия кунем. Баъд, он гуфта, ки «Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман шикаст, Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст» чӣ мешавад? Ҳазор Хуросон гуфта, шоир ҳар як ҷавони моро дар назар дорад. Аммо баъди ин гуна таълимдиҳӣ инҳо ҳамаашон мешаванд пантуркист. Ӯ ҳеҷ гоҳ баъд тарафи моро намегирад, чун ба шуураш таъсир мегузоранд. Инҷо кӯдак, тоҷикбача омадааст, бо ман ба шеваи туркӣ гап мезанад, чун шуурашро расво кардаанд. - Дуруст аст, ки Шумо бо нишони эътироз дар барноми консертие, ки барои омадани актёрони филми «Ҳомиён» доир шуд, иштирок накардед? - Бале, ман дар ин барнома бо нишони эътироз иштирок накардам. Ба ман гуфтанд, ки 100-200 доллар пулат медиҳанд. Ман гуфтам, ки «ҳеҷ гоҳ намеравам ва ба ҳеҷ пуле!». Касе дар ҳамон ҷо иштирок кардааст, ба ӯ нафрат дорам. Бори дигар баланд мегӯям: Дурӯғ аст, ин ки мегӯянд «инҳо ягон ғаризаи зиддитоҷикӣ надоранд», дурӯғ аст! Дар солҳои 20-ум беҳтарин писарони ашрофзодаҳои Бухороро гирифта бурда, тоҷикони асилии асрро дар Истамбул ҳамин гуна дарс доданд, пантуркист карданду омаданд пойтахтҳоямонро кашида гирифтанд. Он замон як гурӯҳе буду ҳамонҳо ҳам бачаҳои сарватмандон буданд. Ҳозир дигар ба онҷо намеравем. Ҳоло омада дар сарзаминамон, дар хонаи худамон муаллимамон шуданд. Инҳо омада дар хонаи худамон моро дарс медиҳанд. Барои чӣ муаллими тоҷики худам дарсам надиҳад? Муаллиме, ки дар донишкадаҳои бузурги Русия хонда буд. Барои мо Русия наздиктар аст аз ин туркгароӣ. Ине, ки мегӯянд ҳунармандони бузурганд, сафсата аст. Ман ҳамин филмро дидам. Як порчаашро дар хонаи апаам ба ман нишон доданд, ки «тағоӣ бубин, ҳо вохӯриашон аст». Гуфтам, ки «Хайр, монедаш». Ман дар ҳаминҷо ғайр аз ниқобпӯшиву автомат чизе надидам. Ман намедонам барои чӣ шуури ин миллат ин қадар паст аст, ки ҳамин хел филмҳои пастро қабул дораду вақте филми баландпоя бошад, қабулаш намекунад. Ман дар тамоми филми Ҳазрати Юсуф гиря кардам. Барои он, ки саропо ишқ аст, саропо насиҳат аст. Инҷо ноумедӣ нест, то охирин умед падараш роҳи писарашро мепояд. Ин аст санъати баланд. Ин филмро аз тариқи моҳвора тамоми дунё диду бо забони худаш таҳқиқ кард. Испаниягиҳо чени мо беақланд, ё ҷопониҳо? Инҳо бо забони худашон тарҷума карда, нишон дода истодаанд. Ягон давлати пешқадам филми туркӣ, ҳамин «фалшивка»-ҳоро тамошо намекунад. Ман намедонам ин миллатро чӣ бало шудааст, ки танҳо чизҳои камарзиш тамошо мекунад. Ман аз ин розӣ нестам. Инҳо то ҷое аз асл дур шудаанд, ки оварда дар хонаи худамон муаллимамонро турк кардаанд. Чӣ гуна мешавад, ки маорифро бигириву ба дасти бегона бидиҳӣ? Ин хел несту набояд бошад. Ман намедонам, намефаҳмам… Ё ман девона шудаам? - То ҷое медонем, Шумо таваҷҷӯҳ ҳам доред ба соҳаи кино. Масалан дар филми «Пайванди шикаста» қаҳрамони яке аз нақшҳои асосӣ ҳам ҳастед. Мушкили асосии костагии синамои имрӯзаи тоҷикро дар чӣмебинед? - Бале, ман дар ин филм нақш офаридам ва бо вуҷуди ҳама камбудиҳояш, ки ба худам маъқул нест, ба мардум писанд шудааст. Барои он, ки дар он хислати асли мо – кӯҳистони тоҷикӣ буд. Асоси ҳама ин камбудиҳо маблағ аст. Филм мегиранду маблағ нест. Агар ягон маблағе касе кӯмак кунад, ҳамонро ҳам хоки даҳан мекунанд? Ягонтаашро хуб сарф намекунанд. Масалан ман дар ҳамон филм саропо норозӣ будам. Либосҳо ба андозаи ман набуданд. Ба ман ҳамеша ин либосҳо халал мерасонд. На куртааш, на дигараш ба андозаи ман набуд. Ягон чиз барои ман дар ин филм дӯхта нашудааст. Ман ҳамаашро худам пайдо кардаму он чизе, ки мегирифтам аз театр ё мағоза ё ҷойи дигар, ҳамааш барои ман намешуд. Мегуфтам, ки биёед ба андозаи ман дӯзанд. Мегуфтанд, ки не, мо сум надорем. Ҳатто ман аз ҳамон 600 сомоне, ки ба ман доданд, безорам. Ба ман як пули ночиз надиҳанд. Ақаллан як тоқӣ, як сару либосе, шароите муҳаё мекарданд, ки филм дар сатҳи нағз биёяд. Ҳамин ҳам набуд. Якум, маблағ нест. Баъд, коргаронҳо дурӯғинанд. Дар инҷо коргардоне даркор, ки миллатдӯст бошад ва худашро фидо кунад. Ин хел нест, мисле ки Кимёгаров, Давлат Худоназаров ё Маргарита Қосимова буд. Ин нафарон ба хотири ҳунарашон ҳама чиро фидо мекунанд, аз худашон ҳам маблағ мегузаронанд. Коргардонҳои дурӯғин бошанд, танҳо ҳамин, ки як маблағи будагиро ғорат кунему як филм барорем. Ин хел филмнаворгирӣ намешавад. Ин филмашон мисле, ки дар бораи Мавлои Балхӣ филм карданд, як масхарабозӣ буд. Умуман, то оне, ки шуури моро тағйир надиҳанд, моро ватанпарасти асил накунанд, ки бигӯем «Мо тоҷикем!», дар ҳақиқат, бе шайтонӣ, ана ҳамон вақт баъд миллат бузург мешавад. Мисле, ки мегӯяд «ман иронистам». Кунҷи дунё, дар Автралия аст, мегӯяд «ман иронистам». Бикушаш, забонашро гум намекунад. Ана баъд Эрон аст, ки паҳновар мешавад, пеши касе сар намефарорад. - Аслан чӣ мепайвандад Шуморо бо ин мағозаву ҳунарҳои мардумӣ? Тиҷорат? Ин хеле аҷиб аст… - Асосан ман аз кӯдакӣ ҳама чизҳои қадимаро дӯст медоштам. Акнун, ки дигар аз дасти мо коре намеояд. Аслан, ки дар хизмати аскарӣ будему дар хизмати Модар Ватан будан таҷрибаи хуб аст. Ман метавонам кори сохтмон ҳам бикунам, ҳам дар роҳу дар ҳар кори вазнин ҳам. Аммо ҳоло бояд сурудҳоямро ба мардум пешниҳод бикунам. Ин кори ҷисмонӣ нест, заҳмати фикрӣ асту аслан заҳмати фикрӣ қимматтару арзишмандтар аст ва хеле вазнин ҳам ҳаст. Ман ҳоло барои мардум бояд заҳмати фикриямро бирасонам. Баъдан ин мағоза ҳама мероси қадимаву ҳунарҳои аҷдодии мост. Ии ҳама арзиши миллии мост. Ҳамаи ин худ кори эҷодӣ аст. Ман аз бекорӣ меоям ҳамин ҷо мешинам. Шояд касе чизе бихарад, ин ҳам барои ман фоида дорад, ки меравам як корамро анҷом медиҳам. Инҷо ба ғайр аз корҳои эҷодӣ дар хона сад мушкили дигар аст. Боз инҷо одамони бузург, шахсони бофарҳанг медароянд ва ман онҳоро мебинаму сӯҳбат мекунам. Маро дида ҳайрон мешванд, ки ту дар инҷо чӣ кор мекунӣ? Хориҷиҳо меоянд, ки ман онҳоро тавассути ин осор бо маданияти худамон ошно месозам. Садҳо нафар ба ман ин саволро аз кулли Тоҷикистону хориҷа медиҳанд, ки чӣ мекунӣ? Инҷо бароям як умедгоҳ аст. - Худо ба ҳама нияту умедҳоятон бирасонад. Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ! Меҳронаи Сабо, «Ману ту» Источник: tajmusic.wordpress.com |
|
Всего комментариев: 0 | |
История таджикского народа [0] |
Биография поэтов и писателей [5] |
Стихи, Рубаи и т.п. [1] |
Произведения поэта/писателя [0] |
Города Таджикистана [9] |
Таджикская эстрада
[8]
Тут будет новости, информации о таджикской эстраде
|
Народный репортёр
[1]
Публикуем свои статьи
|
Известная личность [1] |