Главная » 2012 » Январь » 12 » СОЛИ НАВ СИТОРАҲО КУҶО БУДАНД?
23:09
СОЛИ НАВ СИТОРАҲО КУҶО БУДАНД?

Аксари ситораҳо дар арафаи идҳо хеле серкор мешаванд. Онҳо бояд иштироки худ ва дастаҳои мусиқиро дар маъракаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ танзим намоянд, чунки дар ин рӯзҳо даҳҳо идораву муассиса ва гурӯҳҳои мухталиф ҷамъомадҳои идона доранд ва мусиқӣ аз ҷузъҳои муҳими ин нишастҳост.

Барои бархе аз овозхонон ин роҳе дар шиносоии ҳунари худ бошад, барои баъзеи дигар дарёфти музди хуб ва барои сеюмиҳо хуш кардани табъи дӯсту ошно будааст.

Меҳринигори Рустам: «Музди корамро модарам медонанд»

- Бароям ин консерти сеюм хоҳад буд, ки ширкат меварзам: аввал дар консерти консерватория, баъд дар консерти радиои «Ховар» ширкат доштам ва ҳоло дар бӯстонсарои президентӣ, ки консерти давлатӣ аст, ширкат меварзам. Дар бораи музди корам, ростӣ, хабар надорам, зеро инро модарам, ки продюсери ман ҳастанд, медонанд.

Садриддини Наҷмиддин: «Вақте даъват карданд, пул ҳам медиҳанд»

- Айни ҳол ба консерти ширкате омодагӣ мебинам. То ин лаҳза дар чандин маҳфилҳо овозхонӣ кардам ва ба ростӣ, ҳисобашро гум намудаам. Аммо хаста нашудаам, зеро аз шодӣ овардан ба мардум хушҳол мегардам. Дар бораи чӣ қадар пул медиҳанд, чизе гуфта наметавонам. Ин махфӣ аст. Муҳим он аст, ки моро даъват мекунанд. Вақте даъват карданд, пул ҳам мешавад.

Ҳабиба Давлатова: Ба банкети шиносҳо бепул меравем

- Чанд рӯзи охир хеле серкорам. Бо банкетҳои солинавӣ, консертҳои хурду калон банд будам. Шиносҳову хешу табор бошанд, бепул меравем. Мо дар хизмати халқем-ку…

Баҳром Ғафурӣ: «Аз консертҳо хоҳанд-нахоҳанд пул мегирам»

- Фазои идона хастагиҳоямро баровардааст, зеро ҳар куҷо равам, чеҳраҳои хандонро мебинам. Ман аз консертҳо хоҳанд-нахоҳанд пул мегирам. Аммо ҳоло, ки ба консерти радиои «Ховар» дар Кохи Ваҳдат омодагӣ мебинам, пул намегирам. Зеро ин як консерти расмист ва моро эҳтиром карда, даъват кардаанд. Ҳамчун табриккунанда баромад мекунам.

Фирӯза Ҳафизова: «Ягон даъват ройгон нест»

Ба ҷуз консертҳо асосан дар банкетҳои корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ даъват мешавам ва бидуни шак, ин даъватҳо ройгон нестанд. Имрӯзҳо асосан мардум банкет мекунанд. Тӯй нест. Барои он ки ид аст. Мо ҳам бо мардум Соли навро ҷашн мегирем. Албатта, пуламонро медиҳанд.

Ҷонибеки Мурод: «Падарам нагузоштанд, Амрико равам»

- Ният доштам, ки ин Соли навро дар Амрико мегузаронам, аммо падарам – Ҷӯрабеки Мурод гуфтанд, ки бояд дар хона бошам. Ҳоло аз иштирок дар маҳфилҳо хеле хаста шудаам: Зеро маҳфилҳое, ки ман ширкат мекунам, гуногунанд. Бархе пул медиҳанд, баъзеҳои дигар шиносу бародар ҳастанд. Бархеҳо ҳам агар кампул бошанд, мефаҳмам онҳоро ҳам. Дар ятимхонаҳо ҳам овозхонӣ кардам. Зиндагӣ як хел нест-ку.

Шабнами Сурайё: «Ману Фарзона ба шабнишинӣ меравем»

-Мо ҳамроҳи хоҳарам Фарзонаи Хуршед ба як шабнишинӣ меравем. Фарзона барои омодагӣ дар мағоза харид мекунад ва ман бо ороиши мӯй машғул ҳастам.



Источник: Фарҳоди Милод, «Чархи гардун»
Категория: Таджикская эстрада | Просмотров: 858 | Добавил: X-zero | Теги: СИТОРАҲО КУҶО БУДАНД, новый год 2012, 2012, СОЛИ НАВ | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа
E-mail:
Пароль:
статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0