Главная » 2012 » Январь » 26 » ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: «МАНИЖА БОНУЕСТ, СОҲИБИ ДИЛИ СОФУ БЕКИНА»
16:24
ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: «МАНИЖА БОНУЕСТ, СОҲИБИ ДИЛИ СОФУ БЕКИНА»

Зулайхо 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Мактаби миёнаи рақами 1-и он ҷоро хатм намуда айни  замон сокини пойтахт аст. Вақте ӯ суруди «Ватан»-ро рӯйи саҳна сароид, ҳама ангушти ҳайрат газиданд, ки Манижаи Давлат дубора  ба саҳнаи ҳунар баргаштааст.

Зеро ӯ мисли Манижа зебо аст ва зебо суруд мехонад. ӯ меҳри беандозаи нисбати Манижа доштаи мардумро боз ҳам афзунтару бедортар кард. Ҳаводорони сабки Манижа ин духтараки нозукандоми шаҳлочашмро дар рӯйи саҳна дида фараҳманд аз он буданд,  ки он садои ошнову ба дил наздик боз садо дода қалбҳои ташнагони савту навои Манижаро андаке бошад ҳам таскин мебахшад.

Зеро меҳри суруди Манижаро ҳамеша дар дил доштанду мепарастиданд. Инак Зулайхо мисли Манижа рӯйи саҳна омада дилҳои мардуми ҳунардӯстро мунаввар месозад. Мухбири мо бо ин духтараки наҳифпайкари соҳиби садои махмалин ҳамсӯҳбат гашта, фишурдаи онро пешкаши хонандагони азизи ҳафтаномаамон месозад.

-Имрӯз фикр мекунам, ки шумо бо ҳунари овозхониатон мардумро қоил кардани ҳастед?

-Санъаткор шудан орзуи кӯдакиам буд. Ҳамеша машқи сурудхонӣ мекардаму дар олами орзуҳо парвоз доштам.

- Мусиқии ба дил наздикатон?

-Ҳамаи он мусиқиҳое, дар он суруди Манижаи Давлат садо медиҳад.

-Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки шумо аз ҳар ҷиҳат ба Манижа Давлатова монанд ҳастед, худатон чӣ ақида доред?

-Бале, ба ман ҳам мегӯянд, ки ҳатто гапзаниам ба ин бонуи нотакрори ҳунар монанд аст. Нигоҳҳоят низ кам-кам монанд аст, мегӯянд. Манижаро бо тамоми дил дӯст медорам. Сабку услуби сароиданашро мепарастам. Шояд аз меҳру ихлоси беандоза доштан ба ӯ як андозае монанд гашта бошам. Агар заррае ба Манижа монанд бошам, боиси ифтихорам аст.

-Сабки ӯро пайравӣ мекунед?

-Рости гап дар аввал пайравӣ карда ҳатто сурудҳои Манижаро мехондам. Ҳоло бошад мехоҳам ба худ монанд бошам. Ӯро устоди маънавии хеш меҳисобам.

-Шояд ба Манижа писанд нест ин монандӣ?

-Не, баръакс, ӯ хеле хурсанд аст аз ин монандӣ ва баъзан дар ҳайрат низ ҳаст. Ӯ ҳатто маро дастгирӣ мекунад ва хеле зиёд орзу дорад, ки маро рӯйи саҳна бубинад. Ба наздикӣ бароям сурудеро тақдим намуд.

- Чӣ суруд аст он?

-Ин суруд «Марав-марав» ном дошта, ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дорад. Ва дар рӯзи зодрӯзам – 9-уми сентябр аз тарафи устодам Манижа Давлатова тақдим карда шуд.

- Пас шумо ҳам зодаи истиқлолед?

-Оре, барои падару модарам тӯҳфаи идона ҳастам.

-Барои мухлисону ҳаводоронатон низ. Шояд Манижа овозаи монандии шуморо шунида суроғатон намуд?

-Не, ман худам хеле вақт Манижаро ҷустам. Орзу доштам, ки як бор ӯро аз наздик дида, дуо бигирам ва нисбаташ меҳру ихлоси зиёд доштанамро изҳор намоям. Ниҳоят ба мақсади дилам расидам. Зеро Манижа соҳиби дили бузург аст ва ҳар кас наметавонад ба ӯ баробар шавад. Охир бисёриҳо ба худ андаке монандро бубинанд нороҳат мешаванд.

Аммо Манижа маро бо меҳрубонӣ пазируфт ва бо як самимияти ба худаш хос дастгириям намуд. Ҳоло барои таҳия гаштани албоми нахустини сурудҳоям низ дасти инояти хешро дароз хоҳад кард. Манижа бонуест, соҳиби дили софу бекина ва бо он ҳама шӯҳратёрӣ, инсони хоксору самимӣ ва дилёбе ҳаст. Ман фикр мекунам, ки сабаби маҳбубияти ӯ то имрӯз байни мардум ин дорои чунин хислатҳои инсонӣ буданаш аст.

- Дар кадом маврид аз худ қонеъ мешавед?

-Он замоне, ки албоми сурудҳоямро таҳия созам, дар ҷодаи ҳунар мисли Манижа муваффақ гардам, байни мардум шинохтаву маҳбуб гардам, тавонам барои мардуми азизам хизмати шоистае бикунам, оилаи солим барпо намоям ва ғайраву ҳоказо. Ба фикрам инсон ҳеҷ гоҳ аз худ қонеъ намегардад.

- Кадом хислати айёми кӯдакиатон то имрӯз боқист?

-Ҳурмати аз худ бузургонро ба ҷо овардан ҳамеша бо ман аст.

- Шояд падару модаратон мехостанд, ки ягон касби дигарро соҳиб бошед?

-Албатта, модари ман – Раъно Маҳмадшоева мисли ҳамаи модарон орзу доштанд, ки маро дӯзандаи моҳир бубинанд. Аммо шавқу ҳаваси беандоза маро нисбати ҳунар эҳсос намуда бароям дуои нек доданд ва дастгиру мададгорам ҳастанд.

-Агар хато накунам суруди «Ватан» Зулайхоро байни мардум муаррифӣ кард. Онро кӣ эҷод кардааст ва ҳангоми сароиданаш шуморо чӣ ҳиссиёте фаро мегирад?

-Ин шеъри шоира, сарвари  Кумитаи бонувони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Гулбаҳори Мардон аст. Тамоми буду набудам ва меҳри беандозаам нисбати ин Ватани азизу муқаддас дар ин суруд ифода мегардад. Агар бо ин суруд муҳаббати хешро изҳор карда, то ба дили мардум расонида тавониста бошам, сарбаландам.

-Бо шумо ҳамкорӣ кардан осон аст?

-Бисёриҳо бо як дидан хислати маро меписанданд, яъне метавонам зуд дар дилҳо ҷой бигирам. Дар бораи ҳамкорӣ бошад, то ҳол касеро аз худ норизо надидаам. Метавонам дӯсту ҳамкори боэътимоде бишавам.

-Расман машғули коре ҳастед?

-Аввал ният дорам, ки Консерваторияи миллиро хатм намоям, сипас ба кори доимие машғул хоҳам шуд.

-Ташаккур барои сӯҳбати гуворо.

-Ба шумо қаламкашон низ дар кору эҷодатон барору тавфиқро хосторам.

«Дилкушо»


Источник: tajmusic.wordpress.com
Категория: Таджикская эстрада | Просмотров: 1566 | Добавил: X-zero | Теги: СОҲИБИ ДИЛИ, ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА, СОФУ БЕКИНА, МАНИЖА БОНУЕСТ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа
E-mail:
Пароль:
статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0